Ифтитоҳи фосилавии 6 иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:15
By shahnavoz

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ба истифода доданд. 

Нахуст дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оҳаки Истиқлол бо иқтидори истеҳсолии 200 тонна дар як шабонарӯз расман оғоз бахшиданд.

Пас аз ба истифода додани ин корхона 70 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, маҳсулоти истеҳсолии он ба хориҷи кишвар содирот мешавад.

Ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолии шаҳри Истиқлол

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:14
By shahnavoz

Хатти оби нӯшокӣ барои 19 ҳазор аҳолӣ иншооти навбатӣ дар шаҳри Истиқлол буд, ки 21 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. 

Оби нӯшокӣ барои аҳолии шаҳр бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд аз масофаи зиёда аз 17 километр оварда шуда, боиси аз байн рафтани мушкилоти мавҷудаи сокинон дар ин самт гардид.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти кишвар иттилоъ дода шуд, ки хатти оби нӯшокӣ бо қубурҳои қутрашон 250 миллиметра ва насби таҷҳизоти махусуси худҷорӣ оварда шудааст.

Ба истифода додани марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:13
By shahnavoz

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чинро мавриди истифода қарор доданд.

Марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, ки дар он бо ҷалби 250 коргари маҳалливу хориҷӣ ва истифодаи технологияи насли нав 4 намуди маҳсулоти дорои арзиши баланд истеҳсол мешавад.   

Ифтитоҳи корхонаи азими саноатии маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон баъди аз фаъолият боз мондан

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:12
By shahnavoz

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон оғози расмӣ бахшиданд.

Қобили зикр аст, ки Комбинати маъдантозакунии Адрасмон аз ҷумлаи корхонаҳои дорои таърихи тӯлонӣ буда, дар масири фаъолият бо бузургтарин монеаҳо рӯ ба рӯ гаштааст.  Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда дубора ба фаъолият оғоз кардан ва дар ин корхонаи азими саноатӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуд.

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳи 7 иншоот ва муаррифии лоиҳаи роҳи мошингард дар ноҳияи Ашт

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:11
By shahnavoz

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт тариқи фосилавӣ 7 иншооти гуногунтаъйинотро мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Куруш–Бекободро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии ноҳияи Ашт бунёд гардидааст.

Ба истифода додани неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 МВт дар ноҳияи Ашт

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:10
By shahnavoz

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳраки Шайдон неругоҳи офтобиро бо иқтидори 250 мегаватт мавриди истифода қарор доданд.

Ифтитоҳи Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:09
By shahnavoz

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъ мебошад.

Беморхона барои қабул ва табобати 120 нафар дар як вақт пешбинӣ шуда, дар он шуъбаҳои нави иловагии тахассусӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ташкил карда шудаанд, ки сифати хизматрасониҳоро ба ниёзмандон ба таври назаррас боло бардоштааст.

Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:08
By shahnavoz

20 сентябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии Ҳаёт мавриди истифода қарор дода шуд.

Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  Абдухалил Розиқов, Ҷурабой Азимов, Муродҷон Ҷураев ва Нозим Ибрагимов бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ сохта шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.

Ифтитоҳи фосилавии иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:07
By shahnavoz

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо-Инвест ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 11 иншооти таъйиноти гуногунро, ки бо саҳми мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен бунёд карда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Posted Tue, 09/22/2026 - 21:06
By shahnavoz

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест расман оғоз бахшиданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона таҷҳизоти мукаммали коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 28000 тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад.