Тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намудани 17 иншоот дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои маъмурии МОИ Кӯлоб як қатор иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохториро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фарм Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Фаъолияти он ба коркарди гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли маводи тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ равона буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бунёд гардидааст.
