Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:20
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо ваъи зиндагии мардум, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Ифтитоҳи Маркази таълимӣ ва забономӯзии Ориё дар ноҳияи Восеъ

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:19
By shahnavoz

4 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии Ориё расман оғоз бахшиданд.

Марказ бо тарҳи зебову муосир бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани фанҳои дақиқ пешбинӣ шудааст. Дар он синфхонаҳои махсуси компютерӣ, химия, биология ва математика ташкил гардида, ҳар кадом бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд.

Ифтитоҳи боғчаи бачагонаи Маҳдия дар деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:18
By shahnavoz

4 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ бо расман ба истифода супоридани боғчаи бачагонаи Маҳдия идома ёфт.

Кӯдакистони Маҳдия дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар маҳаллаҳои дорои 100 хоҷагӣ дар деҳаи Заркамар бунёд гардидааст.

Ба таври фосилавӣ ба истифода додани 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:17
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои меҳмонхонаи Эҳсон дар ноҳияи Восеъ, 20 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 кӯдакистон, 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов, марказҳои хизматрасонӣ ва забономӯзӣ, бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳоти Миралиобод, корхонаи парандапарварӣ барои 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ,  корхонаи истеҳсоли хишти Бадахшон-Тур, корхонаи истеҳсоли хишти Шукуҳи маҳ

Ифтитоҳи Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии Эҳсон дар Восеъ

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:16
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии Эҳсонро ба истифода доданд.

Бинои Меҳмонхонаи Эҳсон дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Даврон Мирзозода сохта шуда, дорои 18 ҳуҷраи хоб барои қабули меҳмонон, тӯйхона ва тарабхона мебошад.

Ифтитоҳи бинои Беморхонаи хусусии Тибби Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:15
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ нахуст бинои Беморхонаи хусусии Тибби Ҳулбукро мавриди истифода қарор доданд.

Беморхонаи хусусӣ бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳбудии сифати хизматрасониҳои муосири тиббӣ аз ҷониби соҳибкор Раҷабалӣ Мирзоализода сохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди муассисаи нави тиббӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2025 гузошта шуда, иншоот дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати хуб бунёд гардид.

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:14
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинон, аз ноҳияи Фархор ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.

Дар назди Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон, масъулон ва сокинони шарафманди ноҳия самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ифтитоҳи фосилавии 8 иншоот дар ноҳияи Фархор

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:13
By shahnavoz

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор, 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншооти таъиноташон гуногунро ифтитоҳ намуда бо лоиҳаи навсозии роҳи Гулистон – Фархор шинос шуданд.

Иншооти нахустине, ки дар ин ноҳия ба таври фосилавӣ кушода шуд, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Фархор дар деҳаи Ориён мебошад.

Ба истифода додани бинои нави Маркази адлия дар ноҳияи Фархор

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:11
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Фархор

Posted Tue, 10/06/2026 - 12:10
By shahnavoz

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор  бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баҳри фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст.