Мулоқот бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф

Posted Mon, 10/19/2026 - 23:00
By shahnavoz

19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ шуд.

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намудани 20 иншоот дар ноҳияи Рӯдакӣ

Posted Mon, 10/19/2026 - 22:59
By shahnavoz

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои тозабунёди Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ дар маркази ноҳия муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба истифода доданд.

Ифтитоҳи бинои нави Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ

Posted Mon, 10/19/2026 - 22:58
By shahnavoz

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Иншооти муосири фарҳангӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтааст.

Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 130 ҷойи корӣ таъсис ёфта, барои кормандони соҳаи фарҳанг шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам гардид.

Ифтитоҳи бинои раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ

Posted Mon, 10/19/2026 - 22:57
By shahnavoz

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нав дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 35 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 182 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона ва меҳмонхона иборат мебошад.

Мулоқот бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян

Posted Mon, 10/19/2026 - 22:56
By shahnavoz

19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем.

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон

Posted Fri, 10/16/2026 - 09:01
By shahnavoz

15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Звартнотс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Арманистон Мгер Григорян ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ иштирок хоҳанд кард.

Анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Posted Fri, 10/16/2026 - 09:00
By shahnavoz

15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ аз шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)

Posted Fri, 10/16/2026 - 08:59
By shahnavoz

15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои мизбонии ҳамоиш ва меҳмоннавозии гарм изҳори сипос намуда, Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаосро барои пазируфта шудан ба узвияти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё табрик гуфтанд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

Posted Fri, 10/16/2026 - 08:58
By shahnavoz

​14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот намуданд.

​Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.

​Зимни суҳбат масоили таҳкими дӯстӣ  ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Posted Fri, 10/16/2026 - 08:57
By shahnavoz

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Озарбойҷон Шаҳин Мустафаев ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок хоҳанд кард.