Ифтитоҳи Мактаби президентии ноҳияи Рашт
Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Иншоот дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои наву замонавии таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ гардидааст.
